МОДАР САРЧАШМАИ ҲАЁТ МЕБОШАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ҳамин шиор дар асоси Нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзӣ иди Модарон ва арҷ гузоштан ба зан Модар аёдат занони собиқадори ноҳия ба роҳ монда шуд.

Дар ин росто аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб якчанд нафар занони собиқадори ноҳия аёдат карда шуда ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ин навбат яке аз занҳои собиқадори ноҳия Мирзоева Шодигул аз ҷониби сохтори ноҳиявии ҳизб зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат аёдат карда шуда, туҳфаи хотирави низ тақдим карда шуд.

Мирзоева Шодигул бо шукргузорӣ аз ватани орому осуда ва Пешвои хирадманду инсондӯст намуда, иброз доштанд, ки мо занҳои собиқадор барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузорем.