АЁДАТИ ЗАНИ СОБИҚАДОР ДАР АРАФАИ ИДИ МОДАР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи иди Модарон ва арҷ гузоштан ба Зан -Модар аёдати занони собиқадори ноҳия ба роҳ монда шуд. Дар ин росто аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб якчанд нафар занони собиқадори ноҳия аёдат карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ин навбат яке аз занҳои собиқадори ноҳия Қаландарова Майсара аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат аёдат карда шуда, туҳфаи хотирави низ тақдим карда шуд.

Қаландарова Майсара бо шукргузорӣ аз ватани орому осуда ва Пешвои хирадманду инсондӯст намуда, иброз доштанд, ки мо занҳои собиқадор барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузорем.