ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳар моҳ ба панҷ нафар маъюбон   нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дастрас карда мешавад. Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад. Ин навбат яке аз онҳо Юсуфҷони Маҳмадулло маъюби гуруҳи якум бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда шуд.

Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат қайд намуд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.