ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ АМАЛИ НЕК МЕБОШАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми аҳолии маҳаллаи 8-март Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав ва шахсони саховатпеша барои сокинони маҳаллаи мазкур аз масофаи зиёда аз 1 км оби ошомидани ба воситаи қубурҳои оҳанини обгузар оби ошомидани кашонида мешавад. Дар ин рӯз аҳолии деҳа дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар кори хайру эҳсонкорӣ иштирок намуданд. Зимни суҳбат бо аҳолии маҳаллаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии маҳалла аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  доимо роҳандозӣ менамоянд Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.