АЗНАВСОЗИИ ПУЛИ МАҲАЛЛА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳар давру замон мегӯянд, ки роҳсозию пулсозӣ яке аз корҳои созандагӣ ва иқдомҳои хайрхоҳона ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо чунин иқдомҳо пайваста амалӣ карда мешавад. Ин навбат аъзоёни ташкилоти ибтидоии Оби Шифои деҳаи  Оби Шифои Ҷамоати деҳоти Норин   пули гузаргоҳи миёни деҳаро, ки 7 мтр дарози дошт дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" азнавсозӣ намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандагӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Дар амали созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда шудааст, саҳми соҳибкорони маҳал шоиста аст. Зимни суҳбат бо аҳолии деҳаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии деҳа аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  доимо роҳандозӣ менамоянд Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.