ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУРҲО

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола аз ҷониби масъулини соҳаи Идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замини ноҳия дар ҳамбастагӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва саҳми маҳал ва дастгирии соҳибкорон заҳбурҳои ноҳия пурра тоза гардида, ба мавсими кишту кор омодагӣ мебинанд. Ин навбат заҳбурҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх тоза гардида истодааст. Заҳбуру заҳкашҳо ҳамасола ба аҳолии ноҳия хизматрасонӣ намуда, дар кишту кор заминҳои ноҳияро пурра бо об таъмин менамоянд. Масъулини соҳаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ин мавсим корро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.