АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ДЕҲАИ БОШ-ҚАЙНАР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тоза намудани оромгоҳҳо яке аз иқдомҳои ободкориест, ки дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар сатҳи маҳал ҳар рӯзи якшанбеии охири ҳар моҳ роҳандозӣ карда мешавад. Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ" дар ноҳияи Ёвон ҳар моҳ амалӣ карда мешавад, ки дар доираи он фаъолони ноҳия, имомхатибон, волонтиёрон ва аъзоёни ҲХДТ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, оромгоҳҳои ноҳияро тоза менамоянд. Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд аст, ки тибқи Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" ҳар моҳ бо навбат оромгоҳҳо тоза карда мешавад. Ин навбат  Амалиёти Рӯзи ёдоварӣ дар оромгоҳи деҳаи Бош-Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин баргузор гардид. Аҳолии деҳаҳои Бош-Қайнар ва Наврузи ҷамоати деҳоти Норин ба ҳашар баромада, зиёда аз 950 метр роҳҳи дохили оромгоҳҳро пурра битонпуш намуданд.