ОБОДӢ ДАР ОРОМГОҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тоза намудани оромгоҳҳо яке аз иқдомҳои ободкориест, ки дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар сатҳи маҳал ҳар рӯзи якшанбеии охири ҳар моҳ роҳандозӣ карда мешавад. Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ" дар ноҳияи Ёвон ҳар моҳ амалӣ карда мешавад, ки дар доираи он фаъолони ноҳия, имомхатибон, волонтиёрон ва аъзоёни ҲХДТ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, оромгоҳҳои ноҳияро тоза менамоянд. Дар ноҳияи Ёвон 66 оромгоҳ мавҷуд аст, ки тибқи Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" ҳар моҳ бо навбат оромгоҳҳо тоза карда мешавад.