САРҶАМЪИИ МО АЗ ВАҲДАТ АСТ.

Ёвон: Вокуниш  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки васеи ҷавонон дар ҳама деҳоти ноҳия ҷамъомаду вохӯриҳо доир намуда истодааст. Барои пешгирии таҳдидҳои ҷаҳони муосир, хусусан, зиёд шудани тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротӣ, ҳисси бегонапарастӣ, дур шудан аз фарҳанги либоспӯшӣ ва тақлид ба либоси ғайр, пӯшиши сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳое, ки боиси таназзули тафаккури миллӣ мегарданд, дар миёни насли наврас чорабиниҳои тарғиботӣ аз қабили ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун гузаронида шуда истодаанд. Ҷараён ва натиҷаи чунин чорабиниҳо ба таври муттасил дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Ёвон” интишор меёбанд.
Натиҷаи ҷамъомаду вохӯриҳо нишон медиҳад, ки дар мафкураи насли наврас баъзан холигоҳе пайдо мешавад ва онҳо барои бо чизе банд кардани талаботи ботинии худ аз сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ истифода мебаранд. Маълум аст, ки ифротгароёну моҷароҷӯён аз чунин шабакаҳо хеле фаровон истифода карда, ҷавононро фирефта месозанд. Имрӯз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишварҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва ватану давлат арзиш дорад, сабақи бузургест.

Шодиев Давлат, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон