АЗ ТОҶИК БУДАНАМ ИФТИХОР МЕКУНАМ.

Ёвон: Вокуниш  

Амалҳои ноогоҳонаи баъзе ҷавононро дида, мо аз худамон мепурсем, ки оё мо имрўз аз неъматҳои сулҳу амният бархӯрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда, аз неъматҳои Истиқлолияту Ваҳдат ва сулҳу амният рӯ метобем?

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо шавад. Мо бояд бо чашми ақл бубинем ва дарк намоем, ки асосгузорони давлати ба ном “исломӣ” дар Сурияву Ироқ аз зудбоварии насли ҷавон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро барҳам зананд. Барои онҳо хуни ҷавонони ба ном «ҷиҳодкунанда» ба қадри як пули пучак ҳам арзиш надорад.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштаанду, армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодааст. Мушкилотеро, ки имрӯз дар ҳаёти ҷавонон вуҷуд дорад, танҳо метавон дар ҳамбастагӣ ва дар фазои сулҳу субот ҳал намуд Барои пойдории амнияти кишвар ва ободии ҷомеа ҷавононро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони кишвар дар атрофи Президенти мардумии худ муттаҳид гашта, барои як мақсад- гулгулшукуфии сарзамини биҳиштосоямон бештар аз ҳар вақти дигар саъю талош варзанд. Ягона чизе ки мову кишвари моро аз хатари экстремизму терроризм наҷот медиҳад, ин ваҳдату ҳамақидагӣ аст. Мо дар ҳамбастагӣ нерӯи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд.

Бояд ёдовар шавем, ки замоне ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо” гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст.

Месазад, ки дар ин ҷода ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд. Дар ёд дошта бошанд, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 –ум мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Бояд ёдовар шавем, ки замоне ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо” гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон