ТЕРРОРИЗМ ҲАМЧУН ХАТАРИ АСОСИИ ИҶТИМОИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Ёвон: Вокуниш  

 

"Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд». Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат. Ҳизбу ҳаракатҳои экстремистие, ки солҳои охир ба вуҷуд омадаанду таҳти ливоҳои «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Толибон», «Боко ҳарам» ва боз чандин гурўҳҳои дигар амал мекунанд, характери бидъаткорӣ, миллатчигӣ, салтанатҷӯӣ, авлавиятхоҳӣ ва ҳатто ғайриинсонӣ доранд. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки дар охири асри бистум пайдо шудаанд, хеле хатарнок буда, барои вайрон гардидани сохти конститутсионии давлат ва вайроншавии ҷомеа мусоидат мекунанд. Маҳз ҳамин гурӯҳҳои ифротгарову моҷароҷӯ гурӯҳҳои террористиро ба вуҷуд оварда, милёнҳо одамонро дар давоми 20-30 сол ба таври ваҳшиёна нобуд сохтаанд.

Мутаассифона, баъзе таҳлилгарони сиёсӣ аъмоли аъзоёни чунин ҳизбу ҳаракатҳоро ба дини ислом нисбат дода, онро «терроризми исломӣ» мегўянд, ки ин комилан нодуруст аст. Дуруст аст, ки ин гурӯҳҳои худхоҳ аксаран дар қаламрави мамлакатҳои исломӣ пайдо шудаанд, лекин бояд донист, ки ақидаи онҳо аслан исломӣ нест, узви чунин гурӯҳҳоро мусулмон гуфтан нашояд. Зеро рафтору кирдори онњо бо ин дини мубин ягон умумият надорад.

Ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо дохил шуда, ба дини ислом иснод меоваранд, монанди ҳамон ҷавонони христианӣ, яҳудӣ ё буддоӣ ҳастанд, ки ба дину миллатҳои дигар нафрат доранд. Гап дар сари он аст, ки ҷавонони якраву худхоҳ, новобаста аз миллату мазҳабашон бозичаи дасти сиёсатбозони салтанатҷӯ мешаванд. Онҳо, ки ба эҳсосоти фиребандаи ҷавонӣ дода шудаанд, фиребу найранги сиёсатбозҳоро дарк намекунанд, гумон мекунанд, ки бо чунин рафтори кӯр-кӯронаашон ҷаҳонро ба коми худ мегардонда бошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки сиёсатбозон (на сиёсатмадорон) дар ҳеҷ давру замоне ин «артиш»-и худро (ҷавонони раҳгумзадаро) ба мақсад нарасондаанд. Ҳатто агар онҳо ба мақсади нопоки худ бирасанд ҳам, чунин ҷавононро бо ҳар роҳу усул несту нобуд мекунанд (сиёсатбозон ба «артиш»-и худ насли калонсолро намегиранд, зеро онҳоро фиреб додан осон нест).             

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш изҳори ташвиш қайд менамоянд, ки имрӯз ҷавонони кишвар мо низ, ба мамолики бегона рафта, бар зидии сохти конститусионии он давлатҳо мубориза мебаранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна ҷавонон сатҳи пасти худшиносӣ дошта, ба муйаддасоти милливу динӣ арҷ намегузоранд. Аз ҳамин нигоҳ, зарур аст, ки ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон диққати бештар дода шавад. Бояд ҷавонон ҳарчӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб гарданд, то ботинан худро узви ҷудонашавандаи ҷомеа ҳисоб кунанд, дарк намоянд, ки ғайр аз сохти конститусионии давлат ва муқаддасоти милливу динӣ чизи дигаре ба дарди онҳо намехўрад.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм,  терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. 

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Расулов  Ғолибҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон