СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №41

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба соати сиёсӣ баргузор гардид. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки собиқадорони ҳизбӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба  ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,   мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соати сиёсиро доир намуданд.