АМАЛИЁТИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №28

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 феврали соли равон дар доираи иқдоми навбатии ҳизбиён дар самти  татбиқи Амалиёти нави як Соати сиёсӣ дар толори   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 «Соати сиёсӣ» баргузор гардид. Соати сиёсиро омӯзгорони варзида пеш бурданд.бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки собиқадорони ҳизбӣ Сафархолов Қутбиддин ва Раҳматуллоева Нозигул  ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,   мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соати сиёсиро доир намуданд.