РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҒАЮР-1

Ёвон: Созандагони ватан  

Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон рӯзи "Дарҳои кушод" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 500 нафар хатмкардагони синфҳои 9 ва 11 - и ҳудуди ноҳияи Ёвон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-шаҳри Ваҳдат, Норак, Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок карда, бо шароитҳои хубу шоистаи ин даргоҳи илму маърифат аз наздик шинос шуданд.

Директори муассиса Субҳиддин Иззатов  меҳмононро бо хушнудӣ истиқбол намуд.

Меҳмонони ташрифововарда баъди шиносоӣ бо шароитҳои моддиву маънавии ин даргоҳи илм дар ошхонаи муассиса бо оши палав зиёфат дода шуд