АРТИШИ МИЛЛӢ 30 СОЛА ШУД.

Ёвон: Андеша  

Си  сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.  

Дар зарфи беш аз се даҳсолаи охир артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Рўзи Артиши Миллӣ саркарда аз санаи 21 феврали соли равон чорабиниҳои ҳарбию ватандўстона бо иштироки доираи васеи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар ноҳияи Ёвон ротаи якуми баталёни думи бригадаи 6593-и Сарраёсати ҷазои ҷиноии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки дар он 100 нафар сарбозон сарбаландона хизмати Ватан- Модарро адо намуда истодаанд. Шароитҳо дар қисми низомии мазкур барои сарбозону афсарон муҳайё буда, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мунтазам ба аёдаташон рафта, ба онҳо кумакҳои моддию молӣ расонида мешавад.