ТАҚДИМИ ТУҲФА БА ОШХОНАИ САРБОЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити сарбозону афсарони қисми низомии 6593-и ноҳия ва таъмини ошхонаи сарбозон бо лавозимотҳои зарурӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ошхонаи сарбозон як миқдор лавозимотҳои зарурӣ аз қабили табақу коса, лаълиҳои замонавӣ тақдим карда шуд, ки туҳфаи мазкур барои боз ҳам ороста гардидани хони сарбозон мусоидат мекунанд. Ҳайати шахсии қисми низомии ноҳия дастгирии навбатии ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.