МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР.

Ёвон: Созандагони ватан  

Хуш ба ҳоли ҷавононе, ки қадри Ватанро шинохтаанд ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҷону дил омодаанд. Абдуфатоҳ Расулов аз зумраи ҳамин гуна ҷавонон аст. Ӯ дар арафаи мавсими даъват ба сафҳои Артиши миллӣ ҳамроҳи бобои худ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омада, изҳор дошт, ки бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, сарбози Ватан мешавад. Ҳисси шуълавари ватандӯстӣ, ғайрату матонати ҷавонмардонаи Абдуфатоҳ илҳомбахш аст. Одамро таҳрик медиҳад, хуни ҷавонмардонаро дар вуҷуди кас ба ҷӯш меоварад ва бовариро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон қавӣ месозад. Агар Тоҷикистон ҳамчун Расулов Абдуфатоҳ сарбозоне дошта бошад, орзуҳои наҷиби модарон ҳатман амалӣ мешаванд, кӯдакон хушбахт мегарданд, падарон бо хотири ҷамъ барои пешбурди рӯзгор ва рушди диёри худ заҳмат мекашанд, Ватан обод мешавад.

То бихобад миллате .... Аскаре бояд, ки санги хораро болин кунад.