АЁДАТИ МОДАРОН АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 6593

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихору саодат аст, ки Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри таъмини Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Тоҷикистон, мусоидат ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди сохти конститутсионии давлат ҷонбозиҳо намуда, вазифаҳои худро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа софдилона ва мардонавор иҷро менамояд.

Бо мақсади истиқболи сазовор аз 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар доираи чорабиниҳо ду маротиба аёдати модарони ноҳия зери унвони “Модари аскарбача” баргузор карда шуд, ки дар ин навбат зиёда аз 50 нафар модарони ташкилоти ибтидоии деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ташриф оварда, бо фаъолияти хизмати сарбозон ошно шуданд.