ҶАВОНОН ДОИМО ИЛҲОМБАХШИ ҶОМЕА ҲАСТАНД

Ёвон: Андеша  

Ҷавонон дар ҳама давру замонҳо илҳомбахши ҷомеа ва қудрати тавонои созанда мебошанд. Дар тамоми давру замонҳо давлату ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳама кишварҳо ба ҷавонон ҳамчун ба нерўи муҳофизи миллату мамлакат ва қувваи пешбарандаи ҷамъият эътимод доранд.

Дар навбати худ, ҷавонони иззатмандро лозим аст, ки  ин эътимоду боварии халқу Ватанро арҷгузорӣ намуда, малакаву маҳорат, далериву ҷасорат ва қуввату қудрати худро баҳри тараққиву таҷаллии сарзамини аҷдодӣ равона созанд, даврони гулгулшукуфии ҳаёти худро ғанимат шумурда, барои ҳаёти зебои оянда саъю талош варзанд.

Насли ҷавон бояд дар замири худ ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омўзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдўстӣ ва эҳтироми волоияти ққонунро ташаккул дода, ба ин васила дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Сулҳе, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бонангу номуси миллат ба даст омадааст, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоxикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Бинобар ин, наврасону ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин зуҳуроти нангин мубориза бурда,  баҳри ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон, саъю талош намоянд. 

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон