ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ВА ТАСАЛЛИЯТ!

Ёвон: Андеша  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз фоҷиаи табиии баамаломада дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки дар натиҷаи фаромадани тарма талафоти ҷонӣ ба амал омадааст, сахт андуҳгин буда, ба наздикони марҳумшудагон изҳори ҳамдардии амиқро баён менамояд. Инчунин, ба зарардидагони ин фоҷиа тансиҳатӣ ва хотирҷамъиро хоҳонем.

Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бошад!