КӮМАК БА ОИЛАИ НИЁЗМАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ дастгирии қишри ниёзманди аҳолиро дар мадди аввал гузоштааст. Дар доираи татбиқ намудани сиёсати инсондӯстона ва башардӯстонаи ҲХДТ  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ  ва мусоидати соҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба як оилаи ниёзманди ноҳия Қултаева Анора кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва шакар кӯмак расонида шуд. Қултаева Анора аз иқдоми инсондӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  хушнудӣ намуда, арзи сипос карданд.