БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"  ҳамарӯза аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қабул карда шуда, аз ҷониби масъулин муроҷиатҳои онҳо дар доираи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо арзу шикоятҳои шаҳрвандонро дар муҳлати муайянгардида баррасӣ менамоянд.

Чунин як баррасии шаҳрвандон дар деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова  сурат гирифт, ки  масъалаи баҳси оилавӣ барои муайян намудани масоҳати манзилҳои истиқоматӣ баррасӣ карда шуд.  Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва намояндаи Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова  ҳолати замини шаҳрвандро баррасӣ намуда, дар доираи қонунгузорӣ ҳаллу фасл намуданд.