Наҳзат ҷойи шайтону малъунон аст, на ҷойи ислому мусалмонӣ

Ёвон: Вокуниш  

Чанде қабл тавассути оинаи нилгун филми «Ҳазрати Юсуф»-ро тамошо кардаму барои хеш матлаберо равшан сохтам. Чун таърих инро исбот намудааст, ки дар ягон давру замон шахсеро, ки нафсаш ба руҳаш ғалаба кардааст, нафъаш ба ягон ҷомеа нарасидааст. Онҳо шахсони хатарнокеанд, ки ҳатто барои ду пул модари худро мефурӯшанд. 

Инҳо мисол аз филми «Ҳазрати Юсуф» овардан ҳамон Коҳинони маъбади Омун аст, ки аз пешвоёни ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат ягон каму костагӣ ва фарқият надоранд. Онҳо низ солиёни зиёд зери ниқоби Худоён, Омун, ки аз тангисҳои сангину лоин сохта шуда буд, мардуми Мисрро бо фиребу найрангҳои худ гумроҳ намуда, танҳо барои нафъи худ зиндагонӣ мекарданд. Онҳо ҳатто қатли xони Фармонраво Оминҳутиб карда, миёни мардуми гумроҳ  дасисаву иғворо роҳандозӣ мекарданд.

Ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат  низ солҳои нахуст таъсис ёфтани давлати навини Тоҷикистон таъсис ёфта, барои расидан ба амалҳои зишти худ мардумро зери ниқоби Исломи муқаддас ба гумроҳӣ бурданд. Ин ҳама майдоннишиниҳо, фирориҳо мардуми тоҷик аз Ватан, даргирии ҳазорон корхонаву манзилҳои истиқоматӣ, аз ҳам пошидани миллату давлат дасисаи ҳизби наҳзат буд. Мутаассиф аз онем, ки ин амалҳоро бо ду пули ҳарому ночиз маҳз ҳамватанони мо, ки онҳоро забон барои ҳамватан гуфтан пеш намеравад, ба сари ин миллат овард.

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон