ФАЗОИ МАҶОЗӢ- ВАСИЛАИ ИҒВОИ НАҲЗАТ

Ёвон: Вокуниш  

Ҳама гуна фитнаву иғвоангезӣ, дассисаву амалҳои пасипардагии ифротгароён мардуми кишварамонро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Наҳзатиёни террорист тасмим гирифтаанд, ки худро бо амалу кирдорҳои зишташон ҳамеша дар ҷомеа нишон диҳанд.

Ин ашхоси ифротгаро бо гапфурӯшӣ, донотарошӣ ва шиорпартоиҳо худро бо чеҳраҳои дигар намоиш медиҳанд. Онҳо имрӯз дар Аврупо ва дигар кишварҳо лухтакҳои дасти хоҷагони хориҷӣ буда, наметавонанд барои давлату миллати худ кореро ба анҷом расононанд.

Чунин тоифа бешарафон аз номи дини ислом баромад мекунанду бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои зишту нопокашон ноил шаванд ва динро бо сиёсат омехта карда, дар ҷомеа гурӯҳҳои мухолифро зиёд намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон сокинони кишварро ҳушдор медиҳанд, ки инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шавқат рӯ ба рӯ омадааст, ки он ба барҳам задани амният ва суботу оромӣ ташвиқ менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки барои такрор наёфтани рӯзҳои талху сангин ва даҳшатангези солҳои 90-уми асри ХХ ҷавононро, ҷомеаи имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, илмомӯзӣ ва сулҳпарварӣ тарбия намоем.

Мардуми  шарифи  Тоҷикистон  сулҳу  субот, ваҳдату  якдилии  Ватанро   барои  ин  миллат  бо  дасти  кам  ба даст  наовардаанд. Барои  пойдории  ин  сулҳу  субот  заҳмати  зиёде сарф  шуда, мардум   аз  чанд  санҷишҳо  гузашта неку бадро  ба  хубӣ  фарқ  мекунад ва  намегузорад  ин  сулҳу  суботи   бо  заҳмати  зиёде  ба  даст  овардашро  аз  даст  диҳад.

Мардуми   тоҷик  махсусан   зиёиёни  ватанӣ, ки  солҳои  навадуми  асри  гузашта  мавқеи  бетарафӣ  ва  бетавақуфиро  ихтиёр карда  буданд,  аз  ноилоҷӣ   ва  ҷустуҷӯ  накардани  ҳалли  мушкилот  ба  ҷанги  шаҳрвандӣ  гирифтор  шуданд.  Маҳз  дар ҳамон  замон   аз  ҷониби  баъзе  созмонҳои  бо  ном  “демократӣ”, ки  аслан  васоити  ахбори  омма дар  ихтиёрашон  буд, аз бесалоҳиятии мақомотҳои  давлатӣ  ва  роҳбарияти  ҳамонвақтаи  ҷумҳурӣ  истифода  карда,  бо  баҳонаи  “Бозсозӣ” ҳамаи камбудию  норасоиҳои  ҷомеаро  ба сари  роҳбарони  ҳамонвақта  бор  мекарданд.   Дар  амалисозии  ин  ҳама  мусибатҳои  ба сари  мардум  омада, ҳиссаи    баъзе  саркардагони  ин таҳаввулот,  аз  ҷумла рӯзноманигорон, кормандони  васоитаи  ахбори оммаи ҳамон  вақт дар  ихтиёрашон  буда нақши  асосиро  бозида, як  қишри  ҷомеаро  бо ваъдаҳои  дурӯғу бофта  ба  ном “демократия”  ба  ҷониби  худ  кашида, тавассути  ахбори  омма  ҷанги  шаҳрвандиро  ташкил  намуданд, ки боиси  ҳалокату хунрезии  мардуми   Тоҷикистон  гардид. Аз ҷониби  ин  гурӯҳҳои  ба  ном  “демократӣ”-и  тафриқаандоз,   дар  васоитаи ахбори омма   ҳар  гуна  маводҳои  бардурӯғу иғвогаронаро  бо  мақсади  барангехтани  кинаву  адоват ва  низоъ  дар  байни  мардум нашр  ва  паҳн  менамоянд.    Чуноне, ки  имрӯзҳо  маълум  аст,  аъзои  ин гурӯҳҳои  ифротӣ ба  хориҷи  кишвар  фирор  намуда, дар  кишварҳои  хориҷ аз  минбарҳои  баланд  худро  бо  дурӯғҳои   бофтаашон  сафед  карданӣ  шуда, бо  роҳи  фиребу найранг, бо  баҳонаи  ҳимояи  ҳуқуқи шаҳрвандони  Тоҷикистон ва  муҳоҷирони  меҳнатӣ  ҳар  гуна  ташкилотҳои  ғайриқонунӣ ҳимояи   муҳоҷирони  меҳнатӣ  созмон дода,  бо  роҳи  фиреб  маблағ  ба  даст  меоваранд.      

Мардуми  шарифи  кишвар  нодурусту  бебунёд  ва  ботилу  ифротгаро   будани ақидаҳои  онҳоро  дарк  намудаанд  ва намегузоранд  онҳо  ин  амалҳои  зишти  худро  дубора   такрор  намоянд.    

Мо  сокинони  ноҳияи  Ёвон  тинҷию  амонӣ, озодию  истиқлоли  комили  сиёсӣ, ваҳдати  миллии  рушди  бомароми иқтисоди ба  даст  омадаро  чун  гаҳвараки  чашм   ҳифз  менамоем   ва бо барномаҳои  дурандешонаю созандаи  Ҳукумати кишвар  бо  сарварии  Пешвои   муаззами  миллат   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  сарҷаъму  муттаҳид  буда,  ҳамеша   кишвари азизу муқаддаси  хешро  содиқона  ҳифз  менамоем.  Намегузорем, ки  хоинони  миллат  ободиву  озодӣ  ва зиндагии  тинҷу ороми  сокинони  Ватани  азизамонро  халалдор  созанд.

 

Саёҳат Абдуллоева, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон