БОЯД ҲАМАГОН САРФАКОРӢ ПЕША НАМОЕМ.

Ёвон: Андеша  

  Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.
  Чу дахлат нест харҷ оҳистатар кун.

                                               Саъдии Шерозӣ  

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тасвиб расидааст, шонздаҳ  сол сипарӣ гашт.

Қонуни мазкур барои дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятии замони Истиқлолият шароит ва заминаи хуби зиндагии бофарҳанги моддию маънавӣ фароҳам овард. Ҳадафи асосии қабули Қонун барқарор, пойдор ва инноватсияи замонавӣ додан ба расму ойин, анъана, маросиму ҷашнҳои қадимаи тоҷик, гум накардан мероси гаронбаҳои маънвии миллатамон аст, ки онро дар ифтитоҳи суханашон 11 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурмуҳтаво маънидод намуданд.

Маданияти халқӣ дар баробари умумиятҳо дорои тафовутҳо низ мебошад ва сабаби асосии ин махсусиятро соҳиб шудани маданияти миллӣ – ин шароити мухталифи ҳаёту фаъолияти миллатҳо дар вазъи муайяни этникӣ-иҷтимоӣ дар даврони муайяни таърихӣ ба шумор меравад. Маданияти халқ, аз ҷумла тоҷикон, аз маҷмуи унсурҳои фарҳангии муносибатҳои этникӣ дар робита бо вазъи зиндагӣ фароҳам омадааст.

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон