ВАРЗИШ ОМИЛИ ДӮСТӢ АСТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дарвоқеъ таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  чун як санаи сарнавиштсози миллату давлат сабақи таърихиест, ки  наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Имрӯз замзамаи истиқлол  дар калбу руҳу ҷонҳо бо оҳанги савганди вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад.  Ин ҳадяи таърих ва тақдир буд, ки  миллатро аз хатари  нестӣ эмин дошт ва имрӯз роҳнамоест, сӯи ояндасозиҳою шукуфтанҳо. Истиқлолият кафили рушду нумуи кишвар, таҳкимбахши пояҳои  давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст.

10 декабри соли 2010 нахуст вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли варзишгарони кишвар баргузор гардид, ки ибтидо аз он рӯз варзиш ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рушду нумӯъ намуд.

Ин аст, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба рушди варзиш, дастгирии варзишгарони касбӣ, баргузории ҳамагуна мусобиқаҳои варзишӣ шуруъ аз сатҳи маҳал зиёд гардида, наврасону ҷавонон ба рушди сиҳатии омма ҷалб гардидаанд. Дар доираи ин иқдомҳои варзишпарварона дар Ҷамоати деҳоти Норин чемпионат оид ба Футбол баргузор гардида истодааст, ки зиёда аз панҷ ҳазор дустдорони футболро миёни ҳам ҷамъ овардааст.