ЯК ШИОР ДАР ЯК МАВРИД ҲАЗОР НАФАРРО ТАБЛИҒ МЕНАМОЯД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Паёми соли қаблӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон дар доираи истиқбол аз ҷашни муқаддаси миллӣ-35 солагии истиқлолияти давлатӣ солҳои 2022-2026-ро ҳамчун "Солҳои рушди саноат" эълон доштанд. Ин тадбири Пешвои хирадсолори тоҷик дар як муддати кутоҳ даҳо адад корхонаҳои азими саноатиро дар кишвар эҳдо намуда, соҳибкоронро баҳри сохтани корхонаҳои саноатӣ дилгарм сохтааст.

Дар доираи ин иқдоми ватандорӣ аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  корҳои созандагӣ бо маром идома дорад. Яке аз самтҳои нақшаи чорабиниҳо ин ҳам бошад насби шиору овезаҳо дар шоҳроҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиву серодам мебошад. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх зиёда аз 15 адад шиору овезаҳо насб карда шуда, бо ин васила метовонем то ҳазорон нафарро ба таблиғ фаро гирем.