АЗНАВСОЗИИ РОҲИ ДОХИЛИ МАҲАЛЛАИ ВАҲДАТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи таблиғотию ташфиқотии ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" тайи чанд сол аст, ки миёни мардуми созандаву бунёдкори ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде касб намудааст. Ҳизбиёни ноҳия назар ба солҳои қаблӣ  татбиқи Аксияи мазкурро дар соли равон  ҷиддӣ ба роҳ монда, ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.

Чунин як иқдоми созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар ташкилоти ибтидоии Ваҳдати маҳаллаи Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав  роҳандозӣ карда шуд, ки дар доираи он роҳи дохили деҳа дар масофаи 950 метр пурра битонпуш карда шуд. Иқдоми сокинони деҳаро ҳизбиёни ноҳия шоистаи аҳсанҳо қарор доданд.