ҲИЗБИЁНИ НАҲЗАТИ ФУРСАТТАЛАБАНД

Ёвон: Вокуниш  

         Фурсат фаро расид. Фурсати деринтизору интизориҳо. Фурсате, ки барояш сухане ва мавзуеро  пайдо месозад. Фурсате, ки барои аз даст доданаш сукут нашояд. Фурсати сухан, ибо, ишора ва белохира хиёнат.

         Фурсатталаб шахсест, ки барои иҷрои амале ва ё коре замон мепояду интизорӣ мекашад.

Фурсатталаб шахсест, ки беиродаву ноустувор,

Фурсатталаб шахсест, ки танбалу нокасу нокор.

Фурсатталаб шахсест, ки барои баҳонае луқмаи нонеро дарёфт мекунад

Фурсатталаб шахест, ки аз ҳисоби дигарон рӯзӣ меҷӯяду  рӯзӣ меёбад.

Билохира, фурсатталаб шахсест, ки бадкирдору ноадолатпеша ва интиҳо “хиёнатпеша”

Фурсатталаб ва ё “идеал” –и имрӯзаи ман аввал “ҳеҷ кас нест”, сипас ба ҷуз “наҳзатиҳои бадбахт”,  ки яке аз онҳо Маҳмадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз вазъи сиёсии Тоҷикистон барояш фурсате даст додааст, ки сару садоҳои нолозимашро дар муҳити ба худаш ошно пахш созад. Ин ҳам бошад, ба маҳбас кашидани ҷинояткорони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат аст.

Расвошудаи кӯчаи одамият  Маҳмадиқболи Садриддин. Имрӯзҳо аз субҳ то шом заҳмат мекашад, меҳнат мекунаду эҷод месозад, дурӯғеро бо дурӯғе ва фитнаеро бо иғвое ҳамоҳанг сохта, тавассути сомонаи шахсияш ба нашр мерасонад.

Яке дар алами сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, яке дар алами маҳбусу маҳбасбозон, яке дар бораи мансабдорону мансаббозон, яке дар бораи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меноладу менолад.

Аз нолишҳою нолаҳояш бӯйи ғарибӣ, мискинӣ, кулоҳбардорӣ, фармонадоӣ меояд, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин дар он тарафи дунёву Тоҷикистони ман дар ин дунё. Пас, ин ҳама сафсатаҳо барои чӣ ва барои кӣ?

Ин ҳама мисли оина равшану ошкорост, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин яке аз ҷузъи гурӯҳи терористию экстремистии ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ аст, ки имрӯз дар хориҷа паноҳ мебаранду бо хоҳишу иродаи “аҷнабиён” амал мекунанд. Бояд чунин бошад, зеро ҷое, ки зиндагӣ мекунанд, мутаалиқ ба “аҷнабиёст”, луқмае, ки мехӯранд, аз они “анҷабиёст”, либосе, ки мепӯшанд, моли “аҷнабиёст” ва билохира, нафасе, ки мекашанд, ҳавои “аҷнабиёст”. Пас, месазад бигӯем, ки Маҳмадиқболи Садриддин “ватандор” ва ё “ватандӯст” аст, зеро ки сухан дар бораи ватан ва ватандорӣ мегӯяд ва ё барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ амал мекунад. Ҳеҷ вақт не!!! Ӯ аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ мебошад ва амалу рафтораш барои бинандаву шунаванда ошносту ошно.

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон