ҲИЗБИ НАҲЗАТ КУЛОҲБАРДОР АСТ

Ёвон: Вокуниш  

Бояд ёдовар шавем, ки замоне ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо” гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст.

Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ваҳоказо. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Акнун худ қазоват кунед: чӣ хиёнате бузургтар аз ин аст, ки масири як дини поки осмониро дигар кунӣ ва онро ба манфиатҳои сиёсиву мансабталошонаи худ истифода барӣ? Ҳамин буд, ки Худованди донову ҳаким дасти иноят ба сӯяшон дароз накард ва пирӯзашон насохт.

Хулоса имрўз дар ҳақиқат Тоҷикистони мо як давлати мардумсолор ва ҳуқуқмеҳвар аст, чун мардуми тамаддунофараш дар тинҷиву амонӣ, сулҳи ҷовидона зери Парчами адолат ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарад ва аминам, ки дигар ҳадафи ҳеҷ хоини миллат ин миллатро перешон намесозад.

                   Ҳамраҳат халқи бузургам қарни дигар мераванд,

                   Қатъию бо боварӣ ҳамчун самандар мераванд.

Поянда бод Тоҷикистон бо Пешвои миллати сулҳофару инсонпарвари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Расулов Ғолибҷон,мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон