ГУЛҲО ВАТАНРО ОРОИШ МЕДИҲАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар фасли зимистон мардуми сарбаланди кишвар бо истифода аз боду ҳавои мусоид баҳри хурраму дилрабо ва сарсабз намудани Ватани азиз ба ҳашар баромада, дар гирду атроф, кӯчаву тангкӯчаҳо, шоҳроҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ мешинонанд.

Ин навбат заҳматкашони Ҷамоати деҳоти Даҳана дар як гектар замини дарихтиёрдошта гулҳои ороишӣ кишт намуда, имрӯзҳо ниҳолҳои онро ба кӯчаву шоҳроҳҳои ҳудуди Ҷамоат шинонида истодаанд. Иқдоми мазкур баҳри ободию кабудизоркунии маҳал арзанда буда, метавонад, як гӯшаи диёрро бо гулҳои ороишӣ зебу зиннати хосса диҳад.