НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ БА ҶАҲОН БОД МУБОРАК!

Ёвон: Андеша  

Наврӯз ҷашни на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рўзгор, балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи бойи миллӣ ва воситаи тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Бар асари файзи Наврўз кўчаву хиёбонҳо, идораҳову хонаҳои истиқоматӣ, боғҳову гулгаштҳо боз ҳам ободтару дилоротар мегарданд.

Чун сухан аз аҳамияти байналмилалии Наврўз меравад, зикр намудан бамаврид аст, ки расму оинҳои ин ҷашни таърихӣ беш аз шашҳасорсола дошта, аз фарҳангу одобе бармеоянд, ки ба арзишҳои маънавии дигар халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ доранд.

Бузургӣ ва фазилати дигари ҷашни Наврўз дар он аст, ки одамонро ба рафоқату бародарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва фаромўш сохтани душманиҳо, тозаву озода намудани макони зист, сару либос, ашёи рўзгор ва аз дилу хотираҳо дур сохтани кинаву адоват даъват мекунад.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардани Наврўзи Аҷам дар он аст, ки дар тўли асрҳо, дар баробари ин ки ба ривоҷу равнақи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин, ба сифати фарҳанги волои ҳамкориву ҳамёрӣ ва омили муҳими сулҳу ваҳдат  ва тавсеаи накўкориву хайрхоҳӣ ба инсонҳо хизмат кардааст.

 

Имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори ноҳия чун дар сартосари кишварамон маъракаҳои кабудизоркунӣ, дарахтшинонӣ, бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таълимию табобатӣ, фарҳангию варзишӣ, ба тартиб даровардани роҳу кўчаҳо, майдону хиёбонҳо бо ҷўшу хурўш идома дорад.

Сокинони шарафманду заҳматпешаи ноҳияи Ёвон ҳамчун гузаштагони бунёдкори худ бо такя бар анъанаҳои созандаи наврўзӣ баҳри ободиву шукуфоии диёр саъю талош варзида, омодаанд, ки дар мавсими кишту кор пурмаҳсул меҳнат кунанд.

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннатҳои деринаи гузаштагонамонро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рўҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрўз барои мо- тоҷикон ва кулли кишварҳое, ки ҷашни Нарўзи аҷамро таҷлил мекунанд, боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебогӣ  табиатро гиромӣ дошта, анъанаҳои инсонпарваронаи онро идома медиҳем.

 

 

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон