КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқадддаси миллӣ яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал бо маром идома дорад. Аксияи таблиғотию ташфиқотии ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" тайи чанд сол аст, ки миёни мардуми созандаву бунёдкори ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде касб намудааст. Ҳизбиёни ноҳия назар ба солҳои қабли  татбиқи Аксияи мазкурро дар соли равон  ҷиддӣ ба роҳ монда, ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд. Чунин як иқдоми созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар маҳаллаи Ҳаёти Нави Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав роҳандозӣ карда шуд, ки дар доираи он сохтмони маркази савдои ду ошёна аз ҷониби соҳибкорони маҳаллаи бо маром идома дорад. Иқдоми сокинони деҳаро ҳизбиёни ноҳия шоистаи аҳсанҳо қарор доданд.