НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОН ВА ҲАМАГОН АСТ

Ёвон: Андеша  

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо мардуми фарҳангсолори тоҷик аст, ки имсол аз эътиборан ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврўзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рўзи байналмилалии Наврўз, ҷашни байналмилалӣ гардидааст, ёздаҳ сол сипарӣ гардид ва имрӯзҳо ин ҷашни ниёгону таърихӣ  дар саросари ҷаҳон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Мо ба ҷашни Наврўз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузорем ва гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизи Наврӯз арзонӣ медорад. Воқеан, Наврўзи аҷамро дар тўли асрҳои зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Аврупо халқияту миллатҳои гуногун, аз ҷумла халқи ба мо дўсту бародари туркман бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсози он башорат медиҳад.

Наврўзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.  Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

 Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерўву илҳоми тоза ато мекунад. Наврўз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

 Аз ин хотир халқи тоҷик ин иди азизу мўътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврўзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомўзи наврўзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрўз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Имрўз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.   Дар чунин шароит Наврўз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дўстиву ҳамкории халқҳо моро боз сўи рўзгори бехушунат, сулҳу субот ва кўшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Бовар дорам, ки ҳизбиёни меҳанпараст, бунёдкор ва заҳматқарин барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ нерўи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва нерўи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои воло ноил хоҳем гашт.

Мо ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ таҳти сарварии Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳувияти бунёдкории мардуми шарафманди тоҷик эътимоди қавӣ дорам. Ва эҳсос мекунам, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи шумо кишвари азизу давлати соҳибистиқлоламон сўйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврўзии имсолаамон амалӣ мегарданд.

 Бигзор, сарсабзиву шодкомии иди Наврўз ба ҳама пиру ҷавони кишвари азизамон, ҳар як хонадони мардуми тоҷик ва ҳамзабонони мо насиб гардад.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон