ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВӢ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-  солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаву деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.

Ин навбат аз ҷониби шахсони саховатпеша, аъзову фаъолони ҲХДТ ва саҳми маҳал дар даромадгоҳи маҳаллаи ҳаёти Нави  Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав  дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода барои бунёди дарвозаи замонави санги асос гузошта шуд. Бояд гуфт, ки сохтмони дарвозаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, то ба имрӯз дар қисми зиёди деҳаҳои ноҳия чунин дарвозаҳо сохта шудааст. Шарифи Бахтиёр Маҳмудзода амали созандаи сокинону ҷавононро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.