МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРАКИ ҲАЁТИ НАВ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зимни баргузории ҳашарҳои дастҷамъона рӯзи 07 феврал соли 2023 дар Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав беш аз 800 бех ниҳолҳои ҳамешабзу ороишӣ шинонида шуд. Дар рафти ҳашарҳо, ки бо иштироки сокинони қариб ҳама деҳаву маҳаллаҳо баргузор гардиданд, и.в раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ бевосита ширкат варзида, ҳамроҳи аҳолӣ навъҳои гуногуни ниҳолҳои арча, инчунин, барои вусъат додани соҳаи кирмакпарварӣ дарахтони тут шинониданд. И.в Раиси ноҳия зикр намуданд, ки ҳар яке аз масъулин ва ҳар як фарди худогоҳ дар мавсими ниҳолшинонӣ бояд шумораи ҳарчӣ бештари дарахтони ороишию соядор ва мевадиҳанда сабз намуда, ба ин васила дар таъмини ҳифзи муҳити зисти солим саҳмгузор бошад. Ҳамчунин, дар ин рӯз и.в раиси ноҳия аз шароити парвариши гулу буттаҳо ва ниҳолҳои мевадиҳанди ҳавлии деҳқони асил Маҳмадалиев Ҳафиз шинос шуда барои афзоиши истеҳсоли ниҳолпарварӣ ба масъулин дастур доданд, ки бо ҷалби мутахассисиони соҳавӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандозӣ гардад.

Чунин ҳашарҳои дастҷамъона дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот амали гардида, корҳои ниҳолшинонӣ, яхобмонӣ, сабзкорӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо бо маром идома дорад