БУНЁДИ ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДЕҲАИ ТУТЧАШМА.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-  солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаву деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.

Ин навбат аз ҷониби шахсони саховатпеша, аъзову фаъолони ҲХДТ ва саҳми маҳал дар даромадгоҳи деҳаи Тутчашмаи  Ҷамоати деҳоти Даҳана дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!"  дарвозаи замонави бо навиштаҷоти номи деҳа бунёд карда шуд. Бояд гуфт, ки сохтмони дарвозаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, то ба имрӯз дар қисми зиёди деҳаҳои ноҳия чунин дарвозаҳо сохта шудааст. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия амали созандаи сокинону ҷавононро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.