БАРОИ БУНЁДИ ДАРВОЗАИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДАРОМАДГОҲИ ДЕҲА САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-  солагии Истиқлолияти давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаву деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.

Ин навбат аз ҷониби шахсони саховатпеша, аъзову фаъолони ҲХДТ ва саҳми маҳал дар даромадгоҳи деҳаи Пахтакори   Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифи Бахтиёр Маҳмудзода барои бунёди дарвозаи замонави санги асос гузошта шуд. Бояд гуфт, ки сохтмони дарвозаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъана даромада, то ба имрӯз дар қисми зиёди деҳаҳои ноҳия чунин дарвозаҳо сохта шудааст. Шарифи Бахтиёр Маҳмудзода амали созандаи сокинону ҷавононро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.