ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР Т/И ЧОЙХОНА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ягона ташаббуси ҳизбие мебошад, ки имрӯз миёни аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде пайдо намудааст. Ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи мазкур корҳои зиёди ободонию созандагӣ бомаром идома дорад. Чунин як иқдоми созандагӣ дар ташкилоти ибтидоии Чойхона роҳандозӣ гардид, ки мардуми маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дар ду тарафи роҳ ҷуйборҳои замонавӣ бунёд намуда истодааснд. Ҳизбиёни ноҳия дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлати саҳми намоёни худро дар ободонии Ватан мегузоранд.