ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН АМАЛИ ВАТАНДОРӢ АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ дар сиёсати пешгирифтааш  дастгирии қишри ниёзманди аҳолиро яке аз самтҳои аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, дар ҳама маврид  онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Абдуллозода Саёҳат  бо дастгирии навбатии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода дар доираи сиёсати инсондустонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба айёдати оилаи ниёзманди ноҳия акаи Файзалӣ рафта, ба ин хонавода кӯмаки яквақтаинаи моддию молӣ расониданд.

Оилаи мазкур  аз иқдоми ҳизбиёни ноҳия хушнуд гардида, дастгирии мазкурро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.