ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ КАФОЛАТИ ПИРӮЗИҲОСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар доираи иқдомҳои хайрхоҳонаву башардустонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо дастгирии соҳибкори муваффақи ноҳия Муқимов Ҳикматулло ба аёдати ҷавони ятиму бемори ноҳия Саидов Фирӯз рафта, ба ӯ кӯмаки молиявӣ ба маблағи 2000 сомонӣ кӯмак намуданд. Модари Саидов Фирӯз иқдоми ҳизбиёни ноҳия ва соҳибкори ватандӯсти ноҳияро давоми ғамхориҳои Сарвари маҳбуби миллат дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуда, изҳори ташаккуру хушнудӣ намуданд.