САДОҚАТ БА ХАЛҚ НИШОНАИ САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рўзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд.

Ин нуқта дар муроҷиатномаи он кас «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12-уми декабри соли 1992 хеле хуб зикр ёфтааст: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Пешвои миллат кори давлатдориро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз карданд. Ба вуҷуди ҳама мушкилот, соли 1999 дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии тоҷикон буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

Шодиев Давлат, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон