ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БЕБАҲО АСТ.

Ёвон: Андеша  

Хизмати бебаҳои Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Чунончи, ректори донишгоҳи сулҳи СММ Мартин Лиз, зикр намудааст: «Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад».

Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кутоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада дар ҷодаи сулҳофарӣ бозёфти нодир аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳофариро ҷавонмардона ба даст гирифт».

Узви парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тиропи ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки “дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд”.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати Тоҷикистон тақдири баланд ба миллати кўҳандиёри тоҷик насиб кард, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарию мардумгароиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи моро имрўз ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Дар рӯйихати мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ шомил гардидани Чакани тоҷикӣ, таъоми миллии тоҷикӣ- оши палав, байналмилалӣ гардидани ҷашни Наврӯзи тоҷикон, бо ифтихор ҷашн гирифтани 1100-солагии бунёдгузори аввалин давлати тоҷикон  Исмоили Сомонӣ, 5500 солагии Саразми бостонӣ, 3500-солагии Ҳисори шодмон, 2700-солагии Кӯлоб, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва ғайра аз зумраи чорабиниҳоест, ки ифтихори миллати тоҷикро дар арсаи дунё афзун менамояд.

Расулов Ғолибҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон