САРВАРЕ, КИ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Дар яке аз ҳикматҳои юнонӣ омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки  ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки нукўаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ў абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».

Дар ҳақиқат бо хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Академик В.О.Ключевский гуфтаст, ки «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ў тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад».

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодати медиҳад, ки  ҷониссориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон