ТУЛУИ ДУБОРАИ ХУРШЕД

Ёвон: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти 29-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.

Он таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.

Пешвои муаззами мо, дар ҳақиқат, қаҳрамонанд. Қаҳрамоне, ки ният ва маромашон оромии ҳар хонадон ва кулли мардуми Тоҷикистон аст. Ба бахти миллат дар вуҷуди он кас сифатҳои зиёди инсонии олию оддӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, ҷасорату дилсӯзӣ ва ғуруру хоксорӣ ба ҳам омадаанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки тавассути сиёсати дурбинонаи он кас давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин ҳадяи таърих расидан, ба кору пайкори ватандӯстона ва қаҳрамононаи Президенти мардумии худ арҷ гузоштан, роҳу равиши он касро омӯхтан ва ҳамчун сармояи ибрат истифода бурдан ба нафъи ояндаи миллат аст.

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон