АМАЛИЁТИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №22

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и Протоколи  Маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 23 январи соли 2023, № 3  ва ҷиҳати амалӣ намудани  Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф бобати  баргузор намудани  «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ № 22 бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки собиқадорони ҳизбӣ Сафархолов Қутбиддин ва Раҳматуллоева Нозигул  ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,   мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соати сиёсиро доир намуданд.