ПАЁМ РОҲНАМО АСТ.

Ёвон: Андеша  

Барои њамаи мо аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногун боиси ифтихормандї аст, мардуми кишвар зери таъсири Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд.

Воќеан њам, иштироки фаъолона ва дастаҷамъонаи  ташкилотҳои ибтидоии  ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногуни ноҳия дар баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нишонаи соҳибихтиюриву соҳибэҳтиромӣ ба давлату миллат ва хосса ба   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аст, зеро ки Пешвои миллати Тоҷикистон бо талошу зањматхои худ, фидокорї, ғамхорињои бесобиќа нисбати халќи Тољикистон ва иќдому ташаббусњои созандааш ба маќому манзалати Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвом миллат сазовор гардидааст. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ давоми шаҳодати гуфтаҳои болост, зеро ки  дар Паём тамоми сатҳои соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ карда мешавад.

              Омӯзгорони ноҳияи Ёвон Паёмро давоми ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ намуда, аз баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз  хушнуд гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш ва аз ҷумла Паёми навбатиашон боиси ифтихору шукргузории кулли кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд.

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон