СИНАИ ПУРКИНА – ВАТАНДОР НАШОЯД

Ёвон: Вокуниш  

Додоҷон Атовуллоев - ватандор на онест, ки мегӯяд, ватандор онест, ки месозад, обод мекунад... Ватандор онест, ки дар фикри диёраш аст ва кореро мекунад, ки метавонад. Аз Ватан масофа гирифтаву аз дуриҳо истода бо неши қалам ба решаи Ватан теша задан, ватандорӣ нест, балки бо неши қалам шинонидани дарахтест, ҳидоят намудани ҷавонест, кашидани хати обест ва пайроҳаву ҳазорон самти дигар.

Имрӯз дар мулки ғарибӣ ба ҷузъ як қалам дигар чизе аз ту боқӣ намондааст. Ҳамон қалам ҳам аз ту ва аз ақидаҳои ғаразноку манфиатхоҳи ту безорӣ мекунад, баъзан ба лафзи худ дод мегӯяд, лек илоҷ надорад. Агар он қалам тавонад болои он дафтаре, ки бо андешаҳои пучу бемағзи худ ҳамарӯза ҳазорҳо варақашро ҳайф мекунӣ, чизе намекашад, наменависад...

Вой бар ҳоли қалам!

Вой бар ҳоли сухан!

Вой бар ҳоли Ватан бо чунин ватандораш!!!

Ту ҳеҷ гоҳ бо як рӯй ва як ақида сухан намегӯӣ, ақидаҳоят пур аз ғаразҳои аҷнабиён аст, зеро ки  ҳастиву вуҷуди ту азони аҷнабиён аст, нони мехӯрдаат, ҳавое, ки  аз он нафас мекашӣ мутааллиқ ба аҷнабиён аст. Қаламат низ, аҷнабӣ аст.

Аз Саҳл ибни Саъд бо ривояти имом Бухорӣ ривоят аст, ки «Як рӯз ба хотири ризогии Худованд, марзу буми Ватанро ҳифзу ҳимоя намудан, аз дунё ва ҳарчӣ дар дохили он аст, беҳтар мебошад».

Ту доимо аз муваффақиятҳои Тоҷикистон сахт метарсӣ, аз пашааш фил месозию  аз пешрафташ месӯзӣ. Сулҳи ҷовидонааш имрӯз ҷаҳонгир гаштааст, ҳатто дар Олмоне, ки имрӯз зиндагӣ мекунӣ ҳама аз пешрафти Тоҷикистон ва хизматҳои боризи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯянду ту мешунавӣ, мехоҳӣ қабул созӣ, аммо наметавонӣ...

Ту эй гадои мулки ғарибӣ сулҳи Тоҷикистонро аз  забони Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Бурҳониддини Раббонӣ шунав, ки мегӯянд: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН рамзи сулҳ ва ваҳдати тоҷикон аст!”

 Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми ватандорони тоҷик аст.

Ин ҳамаро бояд дид, аммо ба ки гӯям ба Додоҷон Атавуллоев! На! Ӯ  кӯри худу бинои дигарон аст, барои мо балои охирзамон аст. Худованд Тоҷикистонро аз чунин мухолифу ватандор эъмин дорад.

ГУРДОФАРИДИ  ЁВОН