КӮМАКИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН БА 31 НАФАР ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иқдомҳои инсондӯстона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷро намудани бандҳои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оиди расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятимон Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ибтидои соли 2023 ба 31 нафар оилаҳои ниёзманд кӯмаки яквақтаина расонид. Кӯмаки мазкур бо дастгирии соҳибкори ватанӣ сурат гирифта, аз орду равған ва шакар иборат буд. Ба ҳар оилаи ниёзманд 50 киллограм орд, 5 литр равған ва 5 киллограм шакар кӯмак расонида шуд. Оилаҳои ниёзманд иқдоми инсондӯстонаи ҳизбиёни ноҳияро давоми ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қишри ниёзманди аҳолӣ арзёбӣ намуда, изҳори хушнудиву миннатдорӣ намуданд.