КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳсозию пулсозӣ яке аз корҳои созандагӣ ва иқдомҳои хайрхоҳона ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо чунин иқдомҳо пайваста амалӣ карда мешавад. Ин навбат аъзоёни ташкилоти ибтидоии Тоҳириёни деҳаи Санҷитаки  Ҷамоати деҳоти Обшорон  зиёда аз 800 метр ду тарафи роҳи мошингарде, ки деҳаи мазкурро бо шоҳроҳи самти Ёвон-Бохтар мепайвандад дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ҷӯйбори битонин рехта истодаанд. Дар амали созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда шудааст, саҳми соҳибкорони маҳал шоиста аст. Зимни суҳбат бо аҳолии деҳаи мазкур муайян гардид, ки аҳолии деҳа аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  доимо роҳандозӣ менамоянд Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.